ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Тамоми ҷузъиёти ҳамлаи "Крокус Сити Ҳолл" таҳқиқу омилони муҷозот хоҳанд шуд, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар паёми видеоӣ ба ширкаткунандагони нишасти байналмилалии амниятӣ.
Путин дар хитоб ба мақомдорони баландпояи амниятӣ гуфт, ҳамаи фармоишгарон, сармоягузорон ва ташкулкунандагони амали террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл", бояд ошкору муҷозот шаванд.
"Хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия тамоми ҷузъиёти ин ҷинояти зиштро муайян ва мушаххас мекунанд, ки ҳеҷ яке аз онҳо набояд аз ҷазои одилона гурезад", - гуфт ӯ.
Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев ахиран гуфт, тафтишот иртиботи мустақими омилони ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" дар наздикии Маскав ва миллатгароёни украиниро тасдиқ ва ба таври мурофиавӣ мустаҳкам мекунад.
Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"
Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Муттаҳамон дар содир кардани ин ҷиноят 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот мегӯянд, муттаҳамон дар мошин сӯи марз бо Украина ҳаракат доштанд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Чаҳор нафар гуноҳашонро иқрор карданд. Дар маҷмуъ 11 нафар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд, ки 10 нафарашон шаҳрванди Тоҷикистону як нафар шаҳрванди Қирғизистон мебошанд.