Огоҳиномаи Рособрнадзор ба донишгоҳҳои Русия дар мавриди санҷиши дониши муҳоҷирон

Дар Русия онҳое, ки довталаби гирифтани патент, иҷозатномаи иқомати доимӣ ва ё муваққатӣ мебошанд, аз забони русӣ, ҳуқуқ ва таърихи кишвар имтиҳон месупоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Мақомоти назорати бахши маорифи Русия - "Рособрнадзор" ба ҳашт донишгоҳ дар бораи имтиҳонҳои муҳоҷирон огоҳинома фиристодааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти ин идора хабар дода, аз риояи нашудани меъёрҳо дар санҷишҳо гуфтаст.
"Рособрнадзор ба 8 донишгоҳ барои пешгирии нақзи талаботи ҳатмӣ зимни баргузории имтиҳонҳои хориҷӣ аз забони русӣ ҳамчун, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия ҳушдор дод", - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи ин ин ниҳод, огоҳӣ аз ҷумла ба Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ба номи Патрис Лумумба, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишкадаи давлатии забони русии ба номи Пушкин дода шудаст.
Русия қоидаҳои нави имтиҳонҳоро барои муҳоҷирон ҷорӣ мекунад
Инчунин дар ин феҳраст Донишгоҳи давлатии омӯзгории Русия ба номи Герсен, Донишгоҳи давлатии Псков, Донишгоҳи илм ва технологияи Уфа, Донишгоҳи давлатии Томск ва Маркази сифати таҳсилоти Маскав зикр шудаанд.
Қаблан Кумитаи тафтишот хабар дода буд, ки мақомот 5 нафар, аз ҷумла кормандони Донишкадаи ба номи Пушкинро боздошт кардаанд, ки дар додани ғайриқонунии шаҳодатномаҳои донистани забони русӣ барои муҳоҷирон барои дарёфти иҷозаи иқомат даст доранд.
Пас аз чанд рӯз Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия аз барканории ректори Донишкадаи забони русии ба номи Пушкин хабар дод ва онро бо далелҳои ошкоршудаи назорати нодурусти тартиби гузаронидани имтиҳон аз забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ рабт дод.