ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Футзалбозони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 бо қаҳрамони феълии Осиё зӯрозмоӣ карда, бозиро мусовӣ анҷом доданд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин сабқат, ки дар маҷмааи варзишии "Бангкок Арена" бо Ҷопон сурат гирифт, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.
Ҳамин тариқ дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар гурӯҳи "С" мақоми аввалро касб карда, ба даври чорякфиналии Ҷоми Осиё-2024 дар Бангкок роҳ ёфт.
Дар бозии дигари гурӯҳи "С" Кореяи Ҷанубӣ бо Қирғизистон бо ҳисоби 5 бар 5 мусовӣ кард. Тоҷикистон тавонист роҳхати марҳилаи плей-оффро соҳиб шавад.
Дар даври аввал тими миллии футзали Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 бар мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ пирӯз гардида, дар даври дуюм бо тими милии Қирғизистон мусовӣ 2 бар 2 бозӣ кард.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бори дуюм пайиҳам ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт. Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дертар маълум мешавад.
Воҳидов дар пайи роҳёбӣ ба марҳилаи плей-офф дар утоқи либосивазкунии бозигарон изҳор дошт, ки ситоди мураббиён аз футзалбозон ифтихор дорад, ки каме ҳам бошад, номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Тими миллии олимпии Тоҷикистон гарчанде дар бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) дар гурӯҳи "С" бар Тайланд бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум гардад. Қаблан даста ба мунтахабҳои Ироқу Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:4 бой дод.