Фоҷиа дар рӯзҳои истироҳат: ғарқшавиҳои нигаронкунанда дар Тоҷикистон бо оғози гармӣ

Тайи рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон 6 нохушӣ дар обҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 5 нафар ба ҳалокат расида, ҷустуҷӯи нафари шашум идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ҳолатҳои марги кӯдакон дар обҳои Тоҷикистон бар асари беназоратии волидон рух медиҳанд, изҳор доштааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ.
Аз миёни 6 нафаре, ки тайи рӯзҳои истироҳат дар обҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд, ё бедарак гардидаанд, 5 нафарашон кӯдаконанд, иттилоъ дод КҲФ.
Манбаъ афзуд, ки феълан ҷустуҷӯи кӯдаки дусола дар ноҳияи Шаҳритус, ки аз хона баромада, ба гуфтаи наздикон эҳтимол дар канал ғарқ шудаст, идома дорад.
Истироҳати писари 17-солаи шаҳри Бохтар дар соҳили дарёи Вахш дар ҳудуди шаҳри Левакант низ бо ғарқшавияш анҷомидаст.
Наҷот аз гирдоб: чӣ бояд кард, то ҳангоми шиноварӣ ғарқ нашуд - тасвирбаён
Духтари навраси 17-сола низ дар ноҳияи Рашт бо сабабҳои номаълум аз пули Сари пул ба дарёи Сурхоб афтидаст. Духтарчаи 6-сола дар ноҳияи Шаҳринав низ ба селпарто афтида, ба ҳалокат расидааст. Чунин як фоҷиа бо духтарчаи дигари 10-сола дар шаҳри Турсунзода рух додаст.
Нохушии шашум дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба қайд гирифта шудаст, ки зани 60-сола ба далели риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба дарёи Сир афтида, ғарқ шудааст.
КҲФ ҳушдор додаст, ки бо риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, сокинон метавонанд ҷони худ ва наздиконашонро дар хатар гузоранд.
Ин ниҳод шиноварӣ дар ҷойҳои махсус ҷудошударо тавсия дода, дар ҳолати мастӣ, беморӣ ва дар дохили обҳое, ки алаф ва лой доранд шиновариро хатарнок хондааст.