Азми Чину ИИАО барои таҳкими ҳамлу нақл дар доираи "Агроэкспресс"

Дар доираи ҷаласаи Комиссияи татбиқи созишномаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ИИАО ва Чин аз ҷумла таҳкими ҳамлу нақл дар доираи "Агроэкспресс" баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ИИАО ва Чин дар самти рақамикунонии ҳамлу нақли боркашонӣ тавассути роҳи оҳан аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти вазири савдои КИАО, Андрей Слепнев ва мудири "Рохи оҳани Чин" Го Чжузе будаст.
"Айни замон созишномаҳо байни ширкатҳои роҳи оҳан дар сатҳи омодагӣ қарор доранд, ки ба мо имкон медиҳад, ки ба сатҳи нави ҳамкорӣ бирасем. Мо инчунин самтҳои нави ояндадори ҳамкориро баррасӣ дорем", - гуфт Слепнев.
Татбиқи ҳамлу нақли босуръат, аз ҷумла низоми мултимодалии "Агроэкспресси АвруОсиё" бо мақсади рушди мунтазами интиқоли мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, инчунин содирот дар самтҳои Осиё ва Аврупо баррасӣ шудаст.
Узвияти Узбекистон ба ИИАО барои Тоҷикистон чиро тағйир медиҳад? Назари коршинос
Қаблан имконияти пайвастшавии Тоҷикистон ба лоиҳаи "Агроэкспресс" дар доираи нақшаи тасдиқшуда бо Русия низ баррасӣ гардида буд. Ба иттилои масъулини нақлиёти Тоҷикистон, ин лоиҳа муҳлати таҳвили маҳсулоти зудвайроншавандаро суръат мебахшад.
Тавассути "Агроэкспресс" аз Русия маҳсулоти зудвайроншаванда ба монанди гӯшт, моҳӣ, маҳсулоти ширӣ, сабзавоти тару тоза, меваю гиёҳ ва дигар ба Чину Осиёи Марказӣ интиқол дода мешавад. Муҳлати интиқоли мол 5-7 рӯзро дар бар мегирад.
Тоҷикистон аз ин тарҳ метавонад бо он бурд кунад, ки маҳсулоти босифату тозаи кишоварзию бо харҷи ками вақт ба хориҷ интиқол диҳанд.