Мунтахаби олимпии Тоҷикистон бозии дуввумашро низ дар Ҷоми Осиё бохт

Бо вуҷуди ду шикасти паиҳам, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) шонси роҳхат аз гурӯҳ дар Ҷоми Осиё-2024 -ро нигоҳ медорад, мегӯяд ФФТ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Тими миллии олимпии Тоҷикистон бозии дуввумашро низ дар Ҷоми Осиё бохт.
Ҳарифи навбатии даста яккачини Ироқ буд, ки бозӣ бо он 2:4 поён ёфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии ФФТ.
Ба иттилои манбаъ, ду голи Тоҷикистонро Рустам Соиров ва Меҳрон Мадаминов, 90+5 ба самар расониданд.
Ин дидор дар шаҳри Варзишгоҳи "Ал-Ҷануб" доир шуд.
Ҳамакнун дар даври ниҳоии сабқати гурӯҳии мусобиқот рӯзи душанбеи 22 апрел тими олимпии мо бо тими Тайланд бозӣ мекунад.
Аммо ФФТ мегӯяд, бо вуҷуди ду шикасти паиҳам, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) шонси роҳхат аз гурӯҳ дар Ҷоми Осиё-2024 -ро нигоҳ медорад.
Барои роҳ ёфтан ба чорякфинал мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ танҳо метавонад бо фарқияти ду тӯб (3:1 ё 4:2) пирӯз шавад, дар ҳоле ки Ироқ бояд аз Арабистони Саудӣ мағлуб шавад.
Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ ва шарҳи сармураббӣ
Ёдовар мешвем, ки мунтахаби Тоҷикистон бозии аввалашро бар ғолиби феълии Ҷоми Осиё, тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:4 бохта буд.
Сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Мубин Эргашев дар шарҳи бохт гуфта буд, ки дастпарваронаш махсусан дар марҳилаи аввали бозӣ дастуротро начандон хуб иҷро карданду ба футболи кушод гузаштанд, ки бо тимҳое чун Арабистони Саудӣ мувофиқ нест.
Вай шарҳ дод, ки фосила байни хати ҳимоя ва нимҳимоя зиёд буд, ки аз ин рақибон истифода бурданд. Камбудиҳоро дар бозӣ бо Ироқ ба назар мегирем, афзуд ӯ.