ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон барои зарардидагони обхезӣ ба Қазоқистон расид.
Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, маросими супоридани кумакҳо дар шаҳри Саригаши Қазоқистон баргузор шуд.
Раҳбари КҲФ генерал Рустам Назарзода зимни интиқоли кумакҳо гуфтааст, ки он ба мардуми бародари қазоқ бо дастуру супоришҳои бевоситаи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Муовини аввали вазири ҳолатҳои изтирории Қазоқистон ва раиси вилоят ба мардуми тоҷик барои кумаке, ки дар чунин як замони душвор барои вилояти Қазоқистон расонида шуд, изҳори сипос карданд.
Кӯмаки башардӯстона, ки иборат аз маводи ғизоӣ, оби ошомиданӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва бопӯшҳоро дар бар мегирад, аз Душанбе ва Хуҷанд бо 61 вагон ва 13 мошини боркаш, ки вазни умумии он 3,5 ҳазор тонна буд, фиристода шуд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 апрел дар як гуфтугӯи телефонӣ бо раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев вазъи обхезиҳои густарда дар як қатор манотиқи Қазоқистонро баррасӣ карда буд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар иртибот ба обхезии бузург аз мардуми бародари Қазоқистон изҳори пуштибонӣ кард. Дар робита ба ин, ба ҳукумат дастур дода шуд, ки ба таври оҷил як бастаи кумакҳои башардӯстонаро дар шакли ғизо ва молҳои зарурӣ барои интиқол омода созад.
Қаблан Қосим-Ҷомарт Тоқаев, обхезии феълиро дар кишвар бузургтарин обхезӣ дар беш аз 80 соли ахир номид.
Дар робита ба ин вазъ дар як қатор манотиқи ин кишвар вазъияти фавқулода ҷорӣ карда шудааст.
Тибқи маълумоти ахир, шумори тахлияшудагон аз манотиқи обхезӣ дар Қазоқистон аз аввали моҳи март аз 118 ҳазор нафар гузаштааст, ки беш аз 44 ҳазор нафари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.
Ҳоло 7,4 ҳазор нафар дар марказҳои ҷойгиркунии муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Бар асари обхезӣ дар панҷ вилояти Қазоқистон беш аз 4,8 ҳазор бинои истиқоматии сокинони ин вилоятҳо зери об монда, ба иқтисоди кишвар хисороти зиёд ворид кардааст.
Айни замон дар минтақаи обхезӣ рафъи оқибатҳои обхезӣ, инчунин чораҳои мубориза бо обхезӣ ва корҳои наҷотдиҳии изтирорӣ идома доранд.