Эълони ғолибони ниммарафони дав дар Душанбе: Украина ва Узбекистон аввалинанд

Дар ниммарафони дав дар пойтахт варзишгарон аз 22 бародаршаҳри Душанбе ширкат карданд, аммо ҷойҳои бештарро намояндагони кишварҳои хориҷ соҳиб гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии дав ба хотири гиромидошти Рӯзи пойтахти поён ёфт.
Дар ин чорабинӣ, ки хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ширкат дошт, гуфт, ки варзишгарон аз Боғи Наврӯзгоҳ қад-қади хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то майдони Дӯстӣ - 21 километру 97 метрро тай карданд.
Ҳамин тариқ миёни ин масофаро миёни мардон аз ҳама пеш Виталий Шафаи украинӣ тай карда соҳиби ҷойи аввал ва 38,5 ҳазор сомонӣ шуд. Ҷойҳои дуввум ва сеюмро давандаҳои узбек Отабек Тошқуватов (33 500 сомонӣ) ва Нодирбек Матолибов (27 500 сомонӣ) соҳиб шуданд.
Ҷойи чорум насиби Раҳимҷон Калманов аз Қазоқистон ва зинаҳои панҷуму шашумро муттаносибан Шоҳрух Давлатов Ойбек Маҳмадаминов (Узбекистон) ва Юрий Чечун (Русия) соҳиб шуданд.
Миёни бонувон низ варзишкори Эфиопия Течу Бекелу Абебе ва Нҷау Мари Венчуии кениягӣ зинаҳои якум ва дуюмро соҳиб шудаанд.
Душанбе дар Рӯзи пойтахт соҳиби ду меҳмонхона як корхонаи азими замонавӣ шуд
Миёни бонувон ҷойи аввалро намояндаи Ӯзбекистон Азизахон Мирзаҳбарова, зинаи дуввумро Сергеева Виктория аз Қазоқистон ва мақоми сеюмро ҳам давандаи узбекистонӣ Маҳинабону Комилова гирифтанд
Се ҷойи баъдиро намояндагони Тоҷикистон Раҷабмоҳ Абдуллоева, Уляна Кузминова ва Маҳина Боронова ба даст оварданд.
Ҳамаи бонувони ғолиб низ бо туҳфаҳои пулӣ баробари мардон қадродонӣ ва соҳиби медалҳо шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар ин дав аз 22 бародаршаҳри Душанбе ширкат карданд.
Маврид ба зикр аст, ки Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад ва соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардид.

Аввалин бор Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон баргузор гардид.