ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Президент ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе дар Рӯзи пойтахт меҳмонхонаи чорситорадори “Фирдавсӣ” ва меҳмонхонаи “Кангурт Грант Ҳотел” –ро ба истифода доданд.
Ҳамчунин онҳо корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи тоҷик”-ро ифтитоҳ намуданд.
Ба гузориши хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар, меҳмонхонаи аввал чорситорадор, аз 22 ошёна иборат буда, имкон аст 250 нафар он ҷо соҳиби кор шаванд.
Дар меҳмонхонаи дигар имкони ҷо додани 154 меҳмон имконпазир буда, инчунин 84 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.
“Кангурт Грант Ҳотел” аз 9 ошёна иборат буда, бо сабку усули хоси меъморӣ бунёд ёфтааст ва мутобиқи талаботи муосир муҷаҳҳаз мебошад.
Гуфта мешавад, ки ҳарду меҳмонхона аз ҷониби соҳибкорон сохта шудааст.
Корхонаи коркарди пилла бошад, бо таҷҳизоти пешрафта сохта ва коркарди маҳсулот то сатҳи ниҳоӣ ба роҳ монда шуда, аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол карда мешавад.
Айни замон дар корхона ва парваришгоҳи он дар як баст 300 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Зимни муаррифии намунаи парвариши кирмак дар шароити анъанавӣ маълумот дода шудааст, ки ҳадаф аз барқароркунии тутзор дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар рушду равнақи соҳа мебошад.
ҶСК “Пиллаи тоҷик” аз коргоҳи хушккунии пилла, коркарди нах, коргоҳи басту банд, озмоишгоҳ, коргоҳи чопӣ, бофандагӣ, коргоҳи наддофӣ, хушкашӯйии матоъ, коргоҳи атласу адрас ва қолинбофии дастӣ иборат мебошад.
Иқтидори солонаи истеҳсоли абрешими наддофӣ зиёда аз 40 тонна ва истеҳсоли риштаи абрешим зиёда аз 60 тоннаро ташкил медиҳад. Абрешими омодашуда дар коргоҳи бофандагӣ ба матоъ табдил дода мешавад.