ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Ташкилотҳои тиҷоратӣ аз 1 май дар гузаронидани имтиҳони забони русии хориҷиён иштирок карда наметавонанд.
Инчунин, ба ин сохторҳо додани шаҳодатномаҳои дахлдор манъ карда мешавад.
Дар ин бора Telegram-канали Вазорати маориф ва илми Русия хабар додааст.
"То 1 майи соли 2024 шарикони тиҷорӣ аз ин тартиб хориҷ карда шаванд: онҳо набояд дигар ба кор дар гузаронидани имтиҳон ва додани шаҳодатномаҳо иҷозат дода шаванд",- гуфта мешавад дар паём.
Валерий Фалков, вазири маориф ва илми Русия, дар мулоқот бо раҳбарияти донишгоҳҳо дар масъалаи сифати имтиҳонҳои хориҷӣ барои пурзӯр кардани назорат аз болои сифати имтиҳонҳо як қатор дастурҳо дод.
Муайян шудааст, ки дар ҳар як минтақа як донишгоҳи мушаххаси маҳаллӣ барои гузаронидани имтиҳон масъул хоҳад буд.
Вазорати маориф ва илм ёдовар шуд, ки ҳоло барои гузаронидани имтиҳони забони русӣ ба унвони забони хориҷӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русияро 9 донишгоҳи тобеи Вазорати маориф ва илм, ду донишгоҳи давлатӣ, як донишгоҳи вазорати маориф ва як созмони ҳукумати Маскав ҳақ доранд.