ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон тамрини муштараки зиддитеррористӣ анҷом доданд.
Дар ин бора вазорати дифоъи Русия хабар медиҳад.
Манёврҳо дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон", ки наздик ба сарҳадҳо бо Афғонистон аст, сурат гирифтанд, ки ҷангҷӯёни шартӣ натавонистанд марзро убур кунанд.
"Машқҳои муштараки дуҷонибаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон, ки дар тамрингоҳи кӯҳӣ-биёбонии "Ҳарбмайдон"-и вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки машқҳо аз 15-ум то 18-уми апрели соли 2024 баргузор шуд, ба анҷом расид", - омадааст дар иттилоия.
Дар ин тамринҳо Русияро воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-уми ки дар ҷумҳурӣ мустақаранд, намояндагӣ карданд.
Воҳидҳои низомӣ дар манотиқи кӯҳистонӣ маҳви дастаҳои террористӣ ва омодагӣ ба иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташударо тамрин карданд.
Ҳарбиён ҳифзи сарҳад ва несту нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки марзро рахна карда буданд, тамрин карданд.
Дар ҷараёни машқҳо таҷрибаи андӯхтаи ҳайати низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия дар ҷараёни амалиёти вижа ба назар гирифта шуд.
Дар доираи машқҳо ҳайатҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини "Орлан-10" ва "Суперкам" ҷалб шуда, бо кумаки онҳо макони ҷойгиршавии душман ва силоҳҳои оташфишони ӯро муайян карданд.
Воҳидҳои авиатсионии артиши нерӯҳои муштарак бо истифода аз чархболҳои нақлиётию ҷангии Ми-8МТВ5-1 ва чархболҳои ҳамлаи Ми-24 зери ҳимояи экипажҳои системаҳои мушакии чандкаратаи “Град” ва “Ураган” ба мавқеъҳои “душман” ҳамла карданд.
Баъд гаубитсаҳои худгарди "Акатсия" ба душмани шартӣ оташ зада, ӯро ба гуруҳҳо тақсим карда, дар маҳалли аҳолинишин боздоштанд.
Дар натиҷаи ин амалиёт назорат аз болои сарҳади давлатӣ аз ҷониби воҳидҳои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон барқарор карда шуд. Барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ба деҳа воҳидҳои нерӯҳои дохилӣ, вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва дастаҳои тиббӣ омаданд.