Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз бо як сафари расмии дурӯза ба Тоҷикистон омад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе чун ҳамешагӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан гарм истиқбол кард.
Ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, кортёжи президентҳо ба "Қасри миллат", ки дар онҷо маросими расмии истиқбол сурат мегирад, равон шуд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.