ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар Хатлон тайи се моҳи аввали соли равон 58 садама ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷа 33 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои мақомоти корҳои дохилии минтақа, теъдоди садамаҳо 19 адад ва ҳалокати одамон 18 ҳолат кам шудаст.
Дар сонеҳаҳои нақлиётӣ 69 нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 16 нафар кам мебошад.
Коҳиши теъдоди садамаҳо ва ҳолатҳои марг дар роҳҳои минтақа ба таҳкими фаъолияти нозирони БДА марбут дониста мешавад, ки чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро бисёртар кардаанд.
Ин камшавӣ дар ҳолест, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ афзоиши ҳалокати одамон дар садамаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда буд.
Бар асоси омори расмӣ, ҳалокати одамон дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон дар соли гузашта нисбати нишондоди соли қаблӣ 25% зиёд шудаст.
Мақомоти Тоҷикистон ахиран барои ихтисори ҳудуди 30%-и кормандони Бозрасии автомобилӣ қарор карданд, ки яке аз аҳдофи он таъмини тартибот гуфта мешавад.
Қаблан масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳои нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобилро гуфтанд.
Муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ аз сабабҳои асосии дигари садамаҳои нақлиётӣ арзёбӣ мешавад.