ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурию ҷиноиро барои сеҳру ҷоду, фолбинӣ, тумору таштобдиҳӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ пурзӯр мекунад.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки феҳрасти ягонаи афроди машғул ба чунин аъмоли ғайриқонунӣ ташкил карда шудаст.
"Дар ин замина назорат аз болои шахсони ба сеҳру ҷоду, таълимоти ғайриқонунии динӣ, муллоҳои тумору таштобдиҳанда амалӣ карда шуда, барои ин гуна шахсон феҳрист ё худ рӯйхати ягонаи бақайдгирӣ ҷорӣ карда шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати корҳои дохилӣ таъкид намуд, ки вобаста ба чунин қонуншиканиҳо дар қонунгузории ҷумҳурӣ барои пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ тағйиру иловаҳо ворид шуда истодаанд.
"Ба шахсоне, ки ба мардумфиребӣ, аз ҷумла сеҳру ҷоду, фолбинӣ, тумору таштобдиҳӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ рӯзгузаронӣ менамоянд, ҷазо дар намуди меҳнати маҷбурӣ ба муҳлати то 6 моҳ таъйин карда мешавад", - таъкид намудаст манбаъ.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон мубориза бо фолбинию ҷодугариро таҳким бахшида, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ таъйин карданд. Аммо ин иқдом зуҳуроти мардумфиребиро пурра аз байн набурд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон далели гарм будани бозори фолбинию ҷоду дар кишварро ба хурофотпарастӣ рабт медиҳад, ки барои бархе манбаи даромад шудаст
Ин ниҳод таъкид намуд, ки корҳои санҷишӣ ва профилактикӣ барои пешгирии қонуншиканиҳоро идома хоҳад дод.