ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Эҳтимоли муноқиша миёни Бишкеку Душанбе ва аломатҳои ошкори ихтилофи назар байни аъзои СААД мавҷуд нестанд.
Ин нуктаро дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмагамбетов баён дошт.
Вай аз иродаи раҳбарияти сиёсии ду кишвар – Қирғизистон ва Тоҷикистон тавсиф кард, ки имконият дод, ки муайянсозии марзи давлатӣ оғоз шуда, бомуваффақият ҷараён дорад.
"Даст ёфтан ба ҳалли сиёсии мушкилоти марзӣ барои абадан зарфияти низоъ байни Душанбе ва Бишкекро бартараф мекунад", - гуфт дабири СААД.
Вай афзуд, аломатҳои ошкори ихтилофи назар байни аъзои созмон ба далели тезутунд шудани вазъи геополитикӣ низ ба назар намерасад.
Тасмагамбетов муътақид аст, ки ба шарофати СААД кишварҳои узв имкони таъмини амнияти миллиро пурра доранд.
Ахиран мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ дар вилояти Суғд баргузор шуд, ки ба итттилои ҷонибҳо дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин иттилоъ дода буд, ки давоми соли гузашта зиёда аз 197 км ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 км хати сарҳадро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки муайянсоозии хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 км мебошад.