ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои синамои ӯзбек шоми 16-уми апрели соли равон дар кинотеатри "Наврӯз" баргузор мешавад.
Ба иттилои "Тоҷикфилм", ин чорабинии фарҳангӣ дар ҳошияи сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев ба Душанбе сурат гирифта, то 20 апрел идома хоҳад кард.
Рӯзҳои синамо бо намоиши филми ҳунарии "Абдулло Орифов" оғоз мегардад. Инчунин филмҳои "Судя", "Таҳаввулот" ва "Зинда бод, ҳамсар!" намоиш дода хоҳанд шуд.
Ҳамчунин ҷаласаи комиссияи муштараки синамогарони Тоҷикистону Узбекистон доир ба таҳияи филмномаи филми ҳунарии "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ" доир гардида, филмнома мавриди таҳриру таҳлили пурра қарор дода мешавад.
Филмофарони Ӯзбекистон ҳамчунин аз шаҳру навоҳии Ҳисор, Ваҳдат, Варзоб ва ғайра боздид хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев 18 апрел вориди Тоҷикистон мешавад. Таврез аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, интизор меравад, ки ин сафар ду рӯз давом кунад.
Дар доираи ин сафар мулоқотҳои сатҳи олӣ, силсилаи чорабиниҳо, аз қабили форуми тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, форуми олимон, ҷавонон, мулоқоти занони пешсаф, шоми дӯстӣ, намоиши муштараки маҳсулот ва чорабиниҳои варзишӣ дар назар аст.