ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар чанд минтақаи Тоҷикисон бинобар боришоти борон сел омад. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳама беш сокинони ноҳияи Рӯдакӣ аз офати табиӣ зарар диданд.
Гуфта мешавад, 204 иншооти ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии сокинони ин ноҳияро сел фаро гирифт.
Аз ҷумла сел дар деҳаҳои Турсунзода, Мавҷ, Турдӣ, Кишоварз, Шараф-2, Иқбол-2, Ҳаёти нав, Лолазор, Тубек ва Лоҳур омада ҳавлӣ ва заминҳои сокинонро пур аз селоба кард.
Ҳамчунин сокинони деҳаи Чилчаи ҷамоати деҳоти Чилчаи ноҳияи Темурмалик низ аз ин офати табиӣ зарар диданд. Ба ҳавлии чор сокини ин деҳот сел ворид гардида, заминҳои наздиҳавлигии онҳоро низ аз селоба пур кард.
КҲФ мегӯяд, дар шаҳри Ваҳдат бар асари боришоти тӯлонӣ лағжиши замин сурат гирифт, ки дар натиҷа маҷрои канали Янгирқурғонро баст.
Ҳоло комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар маҳалҳои селзада қарор доранд ва аз пайи муайян кардан хисорот аз ин офати табиӣ ҳастанд.
Манбаъ афзуд, ки офати табиӣ дар навоҳии Рӯдакӣ, Темурмалик ва шаҳри Ваҳдат дар пай талафоти ҷонӣ надошт.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар ҳушдор медиҳад, ки рӯзҳои 16 - 17 апрели дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ, ба истисно аз минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани зуҳуроти сел боқӣ мемонад.
"Бо сабаби ба амал омадани боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об дар назар аст", - омадааст дар хабари Оҷонсӣ.
"Бо сабаби ба амал омадани боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об дар назар аст", - омадааст дар хабари Оҷонсӣ.