Русия ва Тоҷикистон машқҳои муштаракро оғоз карданд

Дар ин тамринҳо низомиёни Русия ва Тоҷикистон ба маҳви террористҳо ва ҳифзи марз ҳангоми ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳ машқ хоҳанд кард
Sputnik
Дар Тоҷикистон тамрини муштараки дуҷонибаи нерӯҳои мусаллаҳ бо нерӯҳои Русия оғоз шуд.
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия, маросими ифтитоҳи тамрин дар тамрингоҳи кӯҳӣ-биёбонии "Ҳарб-Майдон"-и вилояти Хатлон аз 15 то 18 апрели соли 2024 идома хоҳанд кард.
Чорабинӣ аз рӯи анъана бо ҷамъбасти умумии ҳайати низомӣ оғоз шуда, сурудҳои миллии ду кишвар дар иҷрои орекстри ҳарбӣ садо доданд, парчамҳо ботантана бардошта шуданд, афзуд манбаъ.
Дар Тоҷикистон тамринҳои СПАД баргузор мешаванд
Таъкид шудаст, ки дар ин тамринот контингенти низомии ду кишвар ташкили истифодаи қувваҳои мусаллаҳ барои нест кардани гурӯҳҳои террористиро машқ мекунанд.
Асоси контингенти низомии Русияро ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-уми Ҳавзаи марказии ҳарбӣ ташкил медиҳанд.
Аз ҷумла воҳидҳои кӯҳӣ, савораи тирандоз, танкӣ, артиллерия, воҳидҳои иктишофӣ, инчунин экипажҳои гурӯҳи авиатсионии чархболҳои ҳамлаии Ми-24 иштирок доранд.
Илова бар ин, дар ин тамрин мутахассисони ҳифзи кимиёию биологӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва дастаҳои мобилии ҷанги электронӣ ширкат мекунанд.