ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Исломиддин Раҳмонро сардори Хадамоти зиддиинҳисории кишвар таъйин кард.
Қарори ҳукумат дар ин бораро Эмомалӣ Раҳмон имзо намуд. Раиси қаблии Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Муминзод Абдулмаҷид Мубин ахиран ба вазифаи раиси шаҳри Бохтар таъйин шуда буд.
Раиси нави Хадамот аз моҳи ноябри соли 2018 ба ин сӯ раиси ноҳияи Данғара буд.
Исломиддин Раҳмон январи соли 1983 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шуда, солҳои 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2009 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардаст.
Ҳамчунин соли 2013 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди президенти Русияро бо ихтисоси менеҷер хатм кардааст.
Дар мавриди собиқаи корияш зикр гардидаст, ки солҳои 2002-2015 дар мақомҳои мухталиф дар Бонки миллӣ ва "Ориёнбонк" фаъолият доштааст.
Солҳои 2015 – 2018 дар мансаби муовини раиси раёсати "Амонатбонк" кор кардааст.
Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, аз ноябри соли 2018 раиси ноҳияи Данғара будаст. Дар ҳолномааш зикр гардидаст, ки оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.