ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Маблағгузории ҳизбҳои сиёсиро аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо мақсади таҳкими низоми бисёрҳизбӣ, шаффофияти фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, беҳтар гардидани мақоми кишвар ҳамчун давлати демократӣ дар арсаи байналмилалӣ амалӣ мешавад.
Ин нуктаро зимни шарҳи тағйирот ба қонун "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ", вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён баён дошта, афзуд, ки тағйирот маблағгузории ҳизбҳои сиёсиро аз ҳисоби буҷети давлатӣ пешбинӣ менамояд.
Вай тавзеҳ дод, ки ба моддаи 12 сархати нав илова гардида, тибқи он аз рӯйи натиҷаҳои иштирок дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони даъвати нав, як маротиба бо мақсади дастгирии молиявии ҳизбҳои сиёсӣ аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд.
Ба гуфтаи Музаффариён, тарҳи ҷадид ҳаҷм, муҳлат ва дигар шартҳои ҷудо намудани маблағҳо аз буҷаи давлатиро муқаррар кардааст.
Аз маблағгузории давлатӣ, ҳизбҳои сиёсие бархӯрдор хоҳанд шуд, ки дар интихобот иштирок дошта, ҷамъи овозҳои интихобкунандагони ба тарафдории он додашуда аз 5% овозҳои интихобкунандагони иштироккарда кам намебошад.
Аз рӯи натиҷаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони даъвати нав ба маблағи 7% нишондиҳанда барои ҳисобҳо зарб ба шумораи овозҳои гирифтаи ҳизби сиёсӣ маблағгузорӣ мешавад, фаҳмонд вазир.
Аҳзоби сиёсии ҳузурдошта дар парлумони Тоҷикистон аз ин иқдом истиқбол намуда, ба роҳбарияти ҷумҳурӣ изҳори сипос гуфтанд.