ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба артиши Тоҷикистон дар 10 рӯз беш аз 50% иҷро шудаст.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дода, афзуд гусели наваскарон дар шаҳру навоҳии мамлакат идома дорад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат комиссияҳои давлатии зиёда аз 20 шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба анҷоми маъракаи сарбозгирӣ гузориш додаанд.
Аз ҷумла ВМКБ бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш дод.
Дар ин замина, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод низ дар рӯзҳои нахуст нақшаро сад фоиз ба анҷом расонданд ва иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ айни ҳол ба 55 % баробар мебошад.
Дар вилояти Хатлон ҳоло 62% нақша иҷро гардидааст. Ҳамзамон ноҳияҳое чун Вахш, Фархор, Хуросон, Мӯъминобод ва ноҳияи Носири Хусрав дар рӯзи аввал нақшаро пур карданд.
Зимнан вилояти Суғд нақшаро дар 10 рӯз 36% ва шаҳри Душанбе 30% иҷро намудаанд.
Дар Тоҷикистон дар як сол ду маротиба: даъвати баҳорӣ ва тирмоҳии ҷавонон ба сафи артиш сурат мегирад. Даъвати баҳорӣ барои аскарӣ сар аз имрӯз оғоз шуда то охири моҳи май идома мекунад.
Соли ҷорӣ дар даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1997-2006 барои хидмат ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷалб мешаванд.