ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо ҳамтои қазоқи худ Қосим-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Бар хабари манбаъ, сарони ду давлат вазъи вобаста ба обхезии баҳориро дар як қатор минтақаҳои Қазоқистон баррасӣ намуданд.
Дар рафти суҳбат сарвари Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки пайомади офати табиӣ дар як қатор минтақаҳои Қазоқистон дар кутоҳтарин фурсат бартараф мегардад.
Зимнан, Раҳмон таъкид намуд, ки ҳукумати мамлакатро вазифадор намуд, то барои зарардидагон аз офати табиӣ дар Қазоқистон кумаки башардӯстона ҷамъоварӣ намуда, дар фурсати кӯтоҳ фиристода шавад.
Кумак аз хӯрокворӣ ва маводи зарурии аввалия иборат хоҳад буд.
Дар идома сарони давлатҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ намуда, азми тарафҳоро барои идомаи ҳамкории зичи ду кишвар дар қолабҳои гуногун таъкид намуданд.
Дар рафти суҳбат ҳамзамон оид ба барномаи мулоқотҳои наздик дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба табодули афкор сурат гирифт.