ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Паҳлавони тоҷику русиягӣ, Виктор Рассадин, ки феълан таҳти парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад, дар финали қаҳрамонии Осиё бо паҳлавони ҷопонӣ зӯр меозмояд.
Дӯзи дуюми чемпионати Осиё дар риштаи куштии тарзи озод дар Бишкек сабқатҳо дар вазни то 74 кило сурат гирифтанд, ки дар ин вазн аз Тоҷикистон Рассадин ҳунарнамоӣ кард.
Намояндаи 30-солаи Тоҷикистон дар даври аввал бо ҳисоби 11:0 намояндаи Кореяи Ҷанубӣ - Сангҳо Ҳанро шикаст дод.
Дар даври чаҳорякниҳоӣ бо намояндаи кишвари мизбон Канат Керимбеков нерӯсанҷӣ ба суди Рассадин анҷом ёфт. Баъди шикасти Керимбекови қирғиз бо ҳисоби 9:0, намояндаи Тоҷикистон ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар даври нимниҳоӣ Рассадин бо намояндаи Туркманистон - Арслан Бегенҷов вориди майдон шуд. Ин нерӯсанҷӣ низ бо гирифтани имтиёзҳои бештар ба суди паҳлавони тоҷикистонӣ анҷомид. Вай бо ҳисоби 14:4 дастболо гардида, ба финали мусобиқот роҳ ёфт.
Интизор меравад, ки дар финали мусобиқа куштигир бо намояндаи Ҷопон, Кота Такаҳашии 20-сола вориди майдон мешавад.
Ҳамин тариқ Рассадин ҳоло аввалин намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа мебошад, ки то финал мебарояд.
Ду намояндаи дигари Тоҷикистон, Мустафо Ахмедов ва Магомет Евлоев мақоми панҷумро гирифтанд.