ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дар Хуҷанд заводи равган ба истифода дода шуд.
Ифтитоҳи он дар ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо як сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Корхонаи нав истеҳсоли пахта ва равғани офтобпараст буда, имкони истеҳсоли то 18 ҳазор тонна равғани растанӣ дар як солро дорад.
Маҳсулоти ниҳоии корхона пеш аз ҳама барои қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона карда шуда, дар оянда ба хориҷи кишвар содироти он ба нақша гирифта шудааст.
Корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз беш аз 50 тонна пахта ва тухми офтобпарастро коркард намуда, аз онҳо маҳсулоти ниҳоии хушсифат истеҳсол ва ба бозор пешниҳод намояд.
Он аз аз ашёи хоми маҳаллӣ ва воридотӣ истифода мебарад.
Дар истеҳсоли равғани пахта ашёи хоми маҳаллӣ пурра дар дохили кишвар коркард шуда, ба маҳсулоти ниҳоӣ тамғаи "Дар Тоҷикистон сохта шудааст" гузошта мешавад.
Маҳсулоти тайёри корхона дар зарфҳои гуногуни пластикӣ баста шуда, пешкаши харидорон мегардад.
Бояд гуфт, ки зарфҳои пластикӣ ба корхона дар шакли маҳсулоти нимтайёр низ меоянд ва бо истифода аз дастгоҳҳои замонавии борпечкунӣ дар сехи алоҳида омода карда мешаванд.
Дар корхона 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд.