Тавлидоти саноатӣ дар ИИАО афзоиш ёфтааст

Афзоиши истеҳсолоти саноатӣ аз ҷумла дар Арманистон қариби 29%, Қирғизистон - 8%, Беларус ва Русия ҳудуди 7% ва Қазоқистон қариби 5% ба қайд гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар моҳҳои январ-феврали соли равон афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ҳаҷми афзоиш нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли гузашта 6,6%-ро ташкил дод.
"Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳамаи кишварҳои узв: дар Арманистон – 28,9%, Қирғизистон – 7,8%, Беларус – 7,1%, Русия – 6,6% ва Қазоқистон – 4,6% ба қайд гирифта шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки ҳаҷми истеҳсолот дар саноати кӯҳӣ ва истихроҷи маъдан дар ИИАО ҳудуди 1,5%, саноати коркард беш аз 10%, таъминоти барқ, газ, буғ ва ҳавотозакунӣ - 5,7%, обтаъминкунӣ, канализатсия, назорати ҷамъоварӣ ва тақсимоти партовҳо - 4,6%-ро ташкил дод.
Закревский бартариятҳои бозори муштараки энергетикии ИИАО-ро баён дошт
Маврид ба зикр аст, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар даҳ соли охир афзоиш ёфта, соли гузашта ба $2,4 трлн баробар шуд.
Ба иттилои КИАО, табодули коло байни кишварҳои аъзо қариб ду баробар афзоиш ёфт. Дар ҳамин ҳол савдои хориҷӣ 60% зиёд шудааст.
Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, кишварҳо азм доранд, ки онро дар тамоми бахшҳо аз ҷумла бо ҷалби бахши хусусӣ амалӣ гардонанд.
Озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад, таъкид мекунанд масъулини КИАО.
Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.