Мактаби байналмилалии театрии Александринский дар Душанбе баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Маскав бо мудири театри драмавии миллии Русия ё худ театри Александринский баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Тоҷикистону Русия азмашонро барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахши фарҳанг, аз ҷумла дар бахши театрҳо баён доштанд.
Ҳамкорӣ дар ин бахшро сафири Тоҷикистон дар Русия, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Мудири театри драмавии миллии Русия ё худ театри Александринский, Сергей Емелянов баррасӣ намудаст.
"Ҷонибҳо аз ҷумла масъалаҳои ташкили мубодилаи театрҳо дар қаламрави ду кишвар, гурӯҳҳои мусиқӣ, намоишҳои санъат ва инчунин тақвият додани ҳамкориҳо байни муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъатро мавриди муҳокима қарор доданд", - иттилоъ дод сафорат.
Аз ҷумла мувофиқа шудааст, ки Мактаби байналмилалии театрии Александринский дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Санаи баргузории ин чорабинии фарҳангӣ аз 24 то 27 апрели соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Ваъдаи Мишустин барои татбиқи фаврии созишҳои роҳбарони Тоҷикистону Русия
Маврид ба зикр аст, ки охири соли 2023 дар Маскав созишномаҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар мавриди бунёд ва фаъолияти маркази рушди истеъдодҳо дар Душанбе ва Театри драмавии ба номи Владимир Маяковскйи имзо шуданд.
Санадҳои мазкур зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода ва ноиби нахуствазири Русия, Марат Хуснулин имзо гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки бинои кӯҳнаи театри Маяковский, ки дар маркази шаҳр буд соли 2016 тахриб шуда буд, мақомот сабаби онро мутобиқ набудан ба талаботи театри муосир унвон карданд.
Ҳамин тариқ ҳудуди 8 сол мешвад, ки ҳунармандон баъд аз тахриби бинои театрашон маҷбуранд дар дигар биноҳо кор кунанд ва дар саҳнаи Театри ба номи Лохутӣ ҳанарнамоӣ кунанд.