Даъвати Раҳмон ба сарфакорӣ: идҳои Рамазон ва Қурбон тӯй нестанд

Раисҷумҳури Тоҷикистон сокинони кишварро ба иди саиди Фитр шодбош гуфта, рӯзгори босаодат ва барои Ватан сулҳу суботи ҷовидона орзу намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Тамоми сокинони Тоҷикистонро зарур аст, ки дар баргузории маросиму маъракаҳо, аз ҷумла дар рӯзҳои ид ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ роҳ надиҳанд ва дар фикри аҳли оилаву фарзандони худ бошанд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш ба муносибати иди Фитр, ки соли равон 10 апрел таҷлил мегардад, таъкид намуд.
Фаромӯш набояд кард, ки идҳои Рамазон ва Қурбон тӯй нестанд, балки як маросими сирф маънавӣ, яъне аёдат, зиёрат, гиромидошти хотираи гузаштагон, дар ҳаққи онҳо дуо кардан ва ба ҷо овардани шукронаи оромиву осоиш ва сулҳу суботи кишвар мебошанд, гуфт ӯ.
Манъи идгардак дар Тоҷикистон: Мақомот мегӯянд хоси мо нест, сокинон чӣ?
Президент аз манфиати қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" гуфта, афзуд, ки имрӯз маблағҳои сарфашудаи шаҳрвандон барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ, бунёду обод гардонидани манзилҳои истиқоматӣ ва дигар амалҳои хайр равона шуда истодаанд.
Аз ҷониби дигар, торафт мураккабу мушкил гардидани вазъи таъминоти мардуми сайёра бо маводи ғизоӣ, оқибатҳои тағйирёбии иқлим – камобиву хушксолӣ дар аксари минтақаҳои олам, аз ҷумла дар Тоҷикстон дурустии ин иқдомотро нишон медиҳад.
Ба гуфтаи Раҳмон дар қонун омадааст, ки мардум дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ороста, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
Оростани "дастархони маънавӣ" – анҷом додани корҳои хайр, аз ҷумла зиёрати падару модар, хешу ақрабо, аёдати азодорон, дуову фотиҳа ба рӯҳи гузаштагон, насиҳати фарзандон ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ҷавонону наврасон аст, тавзеҳ дод раисҷумҳур.