ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Тоҷикистон содироти маҳсулот аз ҳосили нав, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ ба Қазоқистону Русияро оғоз мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси Хатлон иттилоъ дода, афзуд, ки роҳбари вилоят Давлаталӣ Саид ва сардори Роҳи оҳани Тоҷикистон Комил Мирзоалӣ бо мақсади шиносоӣ бо шароити ҳамлу нақл аз вокзали роҳи оҳани вилоят боздид карданд.
Таъкид шуд, ки дар КВД "Роҳи оҳани вилояти Хатлон" бо мақсади содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз чораандешӣ шуда, соҳибкорон бо истифода аз имтиёзҳо маҳсулоти ниёзи аввал - пиёзи барвақтиро ба Қазоқистону Русия мебаранд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади вусъати корҳо дар самти ҳамлу нақл вокзали Хатлон бо маблағи 3,5 млн сомонӣ пурра таъмиру азнавсозӣ шудааст
Раиси вилоят ба масъулин барои босифат ва саривақтӣ бандубаст кардани пиёз ва дар муҳлати пешбинишуда ба ҷойи лозимӣ расонидани маҳсулот маслиҳатҳо додаст.
Тавзеҳ дода шудаст, ки мақсад аз боздид дасти ёрӣ дароз намудан ба истеҳсолкунандаҳои ватанӣ, содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, сода гардонидани ҳуҷҷатгузориҳо ва таъмини ҳавасмандии деҳқонону боғдорони ҷумҳурӣ мебошад.
Қаблан вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим супориш дода буд, ки КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” барои боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ, аз ҷумла содироти бор (маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ), ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо соҳибкоронӣ ватанӣ тадбирҳо андешад.