ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон хостори ҷалби бештари сармоя ва тавсеаи тавлидот дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар шуд.
Ин нукта зимни ҷаласаи Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таҳти роҳбарии раиси он, муовини аввали сарвазир, Ҳоким Холиқзода таъкид гардид.
Таъкид шуд, ки ба ҳолати аввали соли равон 35 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии "Суғд", 34 субъект дар минтақаи озоди иқтисодии "Данғара", 8 субъект дар минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб", 14 субъект дар минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" ва 5 субъект дар минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим" сабт шудаанд.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисоду савдо, аз оғози фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ қариби 1,5 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ қариби 2,4 млрд сомониро ташкил дод.
Дар МОИ аз ҷумла профилҳои алюминию пластикӣ барои дару тиреза, қубуру зарфҳои пластикӣ, симҳои барқӣ, рангҳои сохтмонӣ, маснуоти металлӣ-пластикӣ, дару тирезаҳои чӯбӣ, маснуоти бинокории ороишӣ, мебел ва маводи шустушӯй, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тавлид мешаванд.
Соли 2023 ба ҳаҷми маҳсулоти тавлидшуда дар МОИ ба 445 млн сомонӣ баробар шудаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ беш аз 25 млн сомонӣ зиёд шудаст.
Раиси Шӯрои нозирон ба вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ супоришҳои мушаххас дод. сармояро то ҳадди имкон зиёд кунанд, истеҳсол ва содиротро зиёд кунанд.