ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон хатари фаромадани тарма ҳанӯз вуҷуд дорад.
Ин ҳушдорро Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон додааст.
Ҳавошиносон ба сокинон ва меҳмонони кишвар ҳушдор медиҳанд, ки аз 6 то 8 апрел ҳавои номусоид дар назар аст.
Дар ин рӯзҳо эҳтимоли фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Чанак ва манотиқи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боқӣ мемонад.
Ҳамзамон тайи ин рӯзҳо дар навоҳии кӯҳӣ эҳтимоли барфрезӣ ва дар водиҳо борону раъду барқ пешгӯӣ мешавад.
Дар робита ба ин, наҷотдиҳандагон аз сокинон хоҳиш мекунанд, ки тамоми чораҳои эҳтиётиро андешанд.
КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони сайёҳии кӯҳӣ, авто-мото ва велосипедронии кӯҳӣ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, инчунин фосилаи муқарраршудаи ҳаракатро қатъиян риоя кардан лозим аст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки кормандони ин ниҳод барои таъмини бехатарии ронандагон дар шоҳроҳ барои расонидани ёрии таъҷилӣ дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд посгоҳҳои сайёр таъсис додаанд.