Маскав медонад, ки Ғарб дунболи хурӯҷи Арманистон аз СПАД ва ИИАО аст - ВКХ

Вазорати хориҷа таъкид кард, ки Ғарб қасд дорад Арманистонро ба як абзори амалисозии нақшаҳояш дар Қафқози Ҷанубӣ табдил диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Маскав мулоқоти Никол Пашинян бо намояндагони Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупоро як кӯшиши навбатии Ғарб барои кашонидани Қафқози ҷанубӣ ба бархӯрди геополитикӣ медонад
Дар ин бора Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт.
Рӯзи ҷумъа дар Брюссел нишасти муштарак оид ба ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА бо Арманистон баргузор шуд, ки дар он котиби давлатии ИМА Антони Блинкен, сарвазири Арманистон Пашинян, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен ва раиси дипломатияи Иттиҳодияи Аврупо Хосеп Боррел ширкат дошт.
"Мо мулоқоти сатҳи баланд дар формати Арманистон-ИМА-ИА, ки рӯзи 5 апрел дар Брюссел баргузор шуд, як кӯшиши навбатии дастаҷамъонаи Ғарб барои кашонидани Қафқози ҷанубӣ ба бархӯрди геополитикӣ арзёбӣ мекунем", - гуфта мешавад дар хабар.
Таъкид мешавад, ки чунин раванд боиси барангехтани ихтилоф миёни кишварҳои минтақа ва ҳамсояҳои онҳо метавонад ба оқибатҳои манфии бештар барои суботу амният ва рушди иқтисодии минтақа оварда расонад ва боиси пайдоиши хатҳои ҷудогонаи нав гардад.
Вазорати корҳои хориҷӣ қайд кард, ки Ғарб ният дорад Арманистонро ба як абзори амалисозии нақшаҳои худ дар Қафқози Ҷанубӣ табдил диҳад.
Ин ниҳод гуфт, медонанд, ки Вошингтон ва Брюссел бо ваъдаҳои фаврӣ ба хуруҷи Арманистон аз СПАД ва ИИАО, хурӯҷи пойгоҳи низомии Русия ва марзбонони Русия ҳастанд.
Иштибоҳ карданд: коршиноси тоҷик дар бораи боздошти узвияти Арманистон дар СПАД гуфт
"Мо аз раҳбарияти Ереван даъват мекунем, ки фирефтаи Ғарб нашавад, ва кишварро ба роҳи нодуруст, ки бо пайдоиши холигии амниятӣ, мушкилоти ҷиддие дар иқтисод ва хуруҷи аҳолӣ дорад, пеш барад"", - гуфта мешавад дар паём.
ВКХ қайд кард, ки ваъдаҳои пуштибонии Брюсселро бо манфиатҳои чандмиллиард долларии ҳамкорӣ бо Русия дар доираи ИИАО ва ИДМ муқоиса кардан мумкин нест ва таъкид кардааст, ки Маскав тасмим дорад, муносибатҳоро бо Ереван густариш диҳад.
"Ғарб инчунин аз кӯшишҳои нобуд кардани заминаи бунёдии эътидоли Арманистону Озарбойҷон даст намекашад",- гуфт вазорати корҳои хориҷӣ.
Инчунин таъкид мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо ба Арманистон фишор овардаанд, то иҷрои созишномаҳоро мутаваққиф кунад, ки "аз рӯи бисёре аз онҳо, бахусус дар масъалаи лағви муҳосираи нақлиётии мутақобила, ҷонибҳо ба ҳалли қобили қабули тарафҳо наздик буданд".
"Маскав омода аст, ки барои расидан ба сулҳи деринтизор миёни Озарбойҷон ва Арманистон аз ҳар роҳе саҳм гузорад", - таъкид мекунад вазорати хориҷаи Русия.