ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ метавонанд парвози мустақимро оғоз кунанд.
Дар ин бора дар мулоқоти Абдулқосим Валиев, мудири кулли ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Душанбе Квон Донг Сок матраҳ шуд.
Мавзӯи аслии музокирот имкони ифтитоҳи хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Сеул-Душанбе буд, афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки ифтитоҳи ин масир равобити ду кишварро дар соҳаҳои гуногун таҳким мебахшад.
Ба гуфтаи Валиев, ширкати ҳавопаймоии миллии Тоҷикистон бо баррасии механизмҳои мухталифи анҷоми парвоз омода аст, барои ифтитоҳи ин парвоз тамоми талошро ба харҷ диҳад.
Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" шаҳодатномаи бомуваффақият анҷом додани аудити навбатии IOSA (аудити бехатарии фаъолияти Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ IATA) гирифт.
Ҳуҷҷат то 20 марти соли 2026 эътибор дорад. Гузариш аз аудити IOSA ба шумо мақоми як интиқолдиҳандаи байналмилалии ҳавоии бехатарро медиҳад.
Имрӯз ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳо анҷом медиҳад. Парки ин ширкат ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900-ро дар бар мегирад.