Додгоҳ зодаи дигари Тоҷикистонро дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус боздошт кард

Додгоҳ нисбати муттаҳамон дар иштирок дар ҳамлаи террористӣ то 22 майи соли 2024 чораи пешгириро дар намуди ҳабс ҷорӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Додгоҳи Басмании Маскав 11-умин нафари муттаҳамро бо гумони даст доштан дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокусро боздошт кард.
Он зодаи Тоҷикистон Муҳаммадзоир Шарифзода аст. Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба маълумоти додгоҳ хабар медиҳад.
"Додгоҳи ноҳияи Басмании шаҳри Маскав нисбати Шарипзода, зодаи Тоҷикистон, ки дар содир намудани ҷинояти банди "б" қисми 3 моддаи 205-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (амали террористӣ) муттаҳам дониста мешавад, чораи пешгирикунанда интихоб кард", - омадааст дар хабар.
Додгоҳ нисбати боздоштшуда то 22 майи соли 2024 чораи пешгириро дар намуди ҳабсро ҷорӣ кардааст.
Тавре дар додгоҳ мушаххас шуд, тафтишот шахси боздоштшударо яке аз иштирокчиёни омодагии ҳамлаи террористӣ медонад.
Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл
Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус сити холл", воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар дар тан либоси низомӣ ва бе ниқоб вориди бинои марказ шуданд. Онҳо аз масофаи дур одамонро парронданд, баъд аз он курсиҳои толори тамошоро оташ заданд, бомбаҳои оташзо низ партофтанд, ки ин боиси оташи сахт гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия, шумори кушташудагон ба 144 нафар расидааст, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Даҳҳо захмиёни ҳамлаи террористӣ, аз ҷумла кӯдакон, дар бемористонҳои Маскав ва вилояти Маскав боқӣ мондаанд.
Коршинос: Баъди "Крокус" низ Русия сиёсати муҳоҷираташро тағйир дода наметавонад - видео
Муттаҳамон дар ин амал субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ки мошинро ба сӯи марз ронданд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод.
Дар маҷмӯъ дар ин парванда 11 муттаҳам боздошт шуданд. Чор нафар ҷинояткорон бевосита ба гуноҳашон иқрор шуданд.
Онҳо ба содир кардани ҳамлаи террористӣ дар ҳайати гурӯҳи муташаккил, ки боиси марги одамон шудааст, муттаҳам карда шуданд.
Баъдан додгоҳ боз шаш шарики амали террористиро ба боздоштгоҳи тафтишотӣ фиристод.
Илова бар ин, ФСБ аз боздошти шаҳрвандони хориҷӣ дар Доғистон хабар дод, ки "дар маблағгузорӣ ва таъмини омилони терроризм дар ҳамлаи террористӣ дар Крокус мустақиман ширкат доштанд". Онҳо баъдан боздошт шуданд.