Раҳмон хостори таҳкими ҳамкории амниятии Тоҷикистону Чин шуд

Узви Шӯрои давлатӣ, вазири амнияти ҷамъиятии Чин Ван Сяохун дар садри як ҳайат дар Тоҷикистон қарор дошта, бо роҳбарияти ҷумҳурӣ мулоқот кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо вазири амнияти ҷамъиятии Чин, Ван Сяохун таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот аз рушди самараноки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кард.
Мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва кибер-ҷиноятҳо аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот будаанд.
Тоҷикистон ба интернети Чин пайваст мешавад
"Зарур шумурда шуд, ки сохторҳои дахлдори ду кишвар, бо дарназардошти вазъи ноороми байналмилалӣ ва зарурати таъмини сулҳу субот, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории амалии худро тақвият бахшанд", - афзуд дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Таъкид гардид, ки дар пайи талошҳои пайгиронаи ҷонибҳо робитаҳои ду кишвар ба сатҳи баланд расида, дар чаҳорчӯби шарикии стратегии ҳамаҷониба ба таври рӯзафзун густариш меёбанд.
Раҳмон бо вазири Чин инчунин вазъи ҷории Афғонистон ва таъсири он ба минтақа мавриди мубодилаи афкори ҷонибҳо қарор гирифтаст.