ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Мақсади ташкилкунандагони ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Хол" коштани хусумату низом дар ҷомеаи Русия буд.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров дар суханронии ифтитоҳии худ ба муносибати таъсиси Ҷамъияти дӯстӣ бо Тоҷикисто баён дошт.
"Ҳамлаи даҳшатноки террористии ахир, ки созмондиҳандагони он тарҳрезӣ карда буданд, бояд дар ҷомеаи Русия низоъ мекошт ва боиси афзоиши нобоварӣ дар байни мардум мешуд. Аммо ин фоҷиа, танҳо мардуми миллатҳои мухталифро муттаҳид кард", - таъкид кард Лавров.
Вай қайд кард, ки Кремл аз роҳбарияти Тоҷикистон барои таслияту ҳамдардӣ ва инчунин барои "кӯмаки фаврӣ дар таҳқиқи ҳолатҳои фоҷиа" миннатдор мебошад.
"Мутмаинам, ки ягона вокуниши муносиб бояд минбаъд таҳкими муборизаи оштинопазир бо терроризм ва сарпарастони хориҷии он - ҳам дар формати дуҷониба ва ҳам дар якҷоягӣ бо иттифоқчиёну шарикон дар СААД, ИДМ ва СҲШ бошад", - таъкид кард вазир.
Лавров ҳушдор дод, ки "Ғарби дастаҷамъӣ" талош дорад, ки дӯстии бисёрасрии мардумро халалдор кунад. Вай афзуд, ки дар чунин шароит зарур аст, ки дӯстӣ, боварӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо бояд таҳким бахшида шавад, ки ҷамъияти дӯстӣ метавонад барои он мусоидат кунад.
Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"
Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Муттаҳамон дар содир кардани ин ҷиноят 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот мегӯянд, муттаҳамон дар мошин сӯи марз бо Украина ҳаракат доштанд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Чаҳор нафар гуноҳашонро иқрор карданд.
Баъдан додгоҳ боз шаш нафари дигарро бо иттиҳоми шарикӣ дар амали террористӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Хадамоти федералии амният - ФСБ ахиран аз боздошти 3 муттаҳами дигар дар робита ба ин ҷиноят хабар дод.