Азми ИИАО барои рақамисозии савдо дар иттиҳод

Масъалаҳои асосии рақамикунонии равандҳои савдо дар ИИАО тамғагузории молҳо бо роҳи мушаххассозӣ, рушди тиҷорати электронии берунӣ ва дохилӣ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Комиссияи иқтисодӣ иқдоми мушаххасро пеш гирифта истодаанд, то равандҳои тиҷориро дар иттиҳодия рақамӣ созанд.
Дар ин бора директори департаменти танзими гумрукӣ, тарифӣ ва ғайритарифии Комиссияи иқтисодии Авруосиё, Ваагн Казарян дар ҷаласаи "Рушди рақамисозӣ дар роҳи оянда – дастгирии ташаббусҳои институтсионалӣ" баён дошт.
"Масъалаҳои асосии рақамикунонии равандҳои савдо дар Иттиҳод ин тамғагузории молҳо бо роҳи мушаххассозӣ, рушди тиҷорати электронии берунӣ ва дохилӣ, истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва маълумот аз ҷониби соҳибкорон ва сохторҳои давлатӣ мебошад", - гуфт ӯ.
Ҳамгироӣ дар ИИАО: Мишустин 12 самти афзалиятноки кори ҳукуматро гуфт
Ба гуфтаи Казарян, тамаркузи асосии ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорат ҳам дар доираи иттиҳодия ва ҳам бо шарикони кишварҳои сеюм нигаронида шудааст.
Дар ҷаласа, аз ҷумла муҳокимаи навоварӣ ва ташаббусҳои ташкилотҳое, ки дар таҳия ва дастгирии рақамисозӣ барои татбиқ ва пешбурди минбаъдаи технологияҳои рақамӣ дар занҷирҳои таъминоти устувор иштирок мекунанд, баррасӣ шуд.
Қаблан сарвазири Русия, Михаил Мишустин гуфт, хизматрасонии рақамӣ аз ҷумла дар ҳамкориҳо бо кишварҳои узви ИИАО ва ИДМ такмил дода мешавад.
"Ҳоло қариб ҳама эъломияҳо ба таври электронӣ - тавассути интернет пешниҳод мешаванд ва тақрибан 80% онҳо ба таври худкор сабти ном мешаванд, ки соҳибкоронро аз коғазбозӣ наҷот медиҳад", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки чунин тасмимҳо имкон дод, ки натиҷаҳои чашмрас ба даст оварда шаванд.