Раҳмон Бердимуҳаммадовро бошукуҳ дар Қасри миллат истиқбол кард - акс

Визит Гурбангулы Бердымухамедова в Республику Таджикистан
Дар назар аст, ки собиқ президенти Туркманистон бо раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси Маҷлиси намояндагон мулоқот кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвои миллии халқи туркман - раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедовро ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироӣ ба таври идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ ва дигар расмиёти қабул иҷро гардид.
Пас аз пазироӣ қарор аст, ки Раҳмон ва Бердимуҳаммадов доираи васеи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намоянд.
Президент, председатель кабинета министров Туркмении Гурбангулы Бердымухамедов
Бердимуҳаммадови калонӣ озими Душанбе шуд: сабаб?
Дар пайи ин мулоқот қарор аст, ки якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо бирасанд.
Ҳамзамон бар асоси барномаи сафар, дар назар аст, ки Бердимуҳаммадов бо раиси маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ва сарвазир Қоҳир Раслузода мулоқот кунад.