ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пешвои миллии халқи туркман - раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, ҷонибҳо тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду кишварро баррасӣ намуда, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карданд.
"Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ масъалаҳои рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори нафту газ, химия ва металлургия, кооператсияи саноат, кишоварзӣ ва нақлиёту боркашониро муҳокима намуданд", - афзудааст манбаъ.
Ҳамчунин, густариши равобити байниминтақавӣ тавассути тавсеаи ҳамкории байни субъектҳо ва роҳандозии робитаҳои бародаршаҳрии байни шаҳрҳои ду кишвар муҳим дониста шуд.
Дар мулоқот, таъкид бар масоили таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ низ шудааст.
Дар идома ҷонибҳо ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақа ва таҳкими ҳамкории сохторҳои дахлдори ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ низ таваҷҷуҳи зоҳир кардаанд.
Раҳмон ва Бердимуҳаммадов ҳамчунин бар аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ дар ҳама сатҳҳо таъкид кардаанд.