Хунсупории низомиёни Русия барои сокинони ниёзманди Тоҷикистон

Чорабинии хайриявӣ дар ҳудуди госпитали ҳарбии 451-и Вазорати дифои Русия баргузор шуд ва дар он беш аз 100 нафар низомиён ширкат варзиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар ҳаст, ихтиёран барои сокинони бемори ниёзманди ҷумҳурӣ хун супурданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳавзаи марказии низомии Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.
Тартиби хайрия дар ҳудуди госпитали ҳарбии 451-и Вазорати дифои Русия ташкил шудааст.
Ба ин мақсад Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Вазорати тандурустии Точикистон ду лабораторияи сайёр ҷудо кардааст.
Низомиёни Русия ба табрики занони собиқадори ҷангу меҳнат дар Тоҷикистон рафтанд
Онҳо барои муайян кардани гурӯҳи хун, инчунин барои гузаронидани таҳлили фаврии мавҷудияти сироятҳо таҷҳизот ва реактивҳои зарурӣ доранд.
Қайд карда мешавад, ки нуқтаҳои сайёри хунгузаронӣ бо ҳама чизҳои зарурӣ таъмин буда, раванд комилан бехатар буда, то 15 дақиқа тӯл мекашад ва ин имкон медиҳад, ки як даста дар як шабонарӯз то 100-120 донорро қабул кунад.
Дар маъракаи хунсупорӣ зиёда аз 100 нафар низомиёни пойгоҳи низомии 201-ум иштирок намуда, барои эҳтиёҷоти муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ва тамоми ҷумҳурӣ 350 миллилитр хун супурданд.
Чорабиниҳои хайриявӣ барои хунсупории низомиёни Русия ба як анъанаи нек табдил ёфта, ҳамасола пайваста баргузор мешаванд.