Пешвои мардуми Туркманистон бо ҳунармандонаш ба Тоҷикистон меояд

Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон, ки худ низ ба овозхонӣ майл дораду сабтҳоеро низ нашр кардааст, дар чорабиниҳои фарҳангӣ дар Душанбе иштирок мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Пешвои миллии халқи туркман, раиси Халқ маслаҳатии Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳамадов ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки сафари Бердимуҳаммадови калонӣ 4 апрел дар назар аст.
Дар ин рӯзҳо ҳайати бузурги ҳунармандони Туркманистон низ дар Тоҷикистон қарор хоҳад дошт. Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон, ки худ низ ба овозхонӣ майл дораду сабтҳоеро низ наш кардааст, дар чорабиниҳои фарҳангӣ дар Душанбе иштирок мекунад.
Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳайати Туркманистон аллакай вориди Душанбе шудаанд.
Пешниҳоди лоиҳаи нави ҳалқаи барқӣ: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Эрон
Вазорати фарҳанг афзуд, қарор аст, ки консерти устодони санъати Туркманистон 3 апрел, соати 16:00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ баргузор шавад.
Инчунин 4 апрел, соати 10:00 мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллӣ намоиш дода мешавад.
Ҳамзамон дар ин рӯз барномаи муштараки консертии устодони санъати кишварҳо дар "Кохи Борбад" доир мегардад. Рӯзи 5 апрел ҳайати Туркманистон барои намоиш ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар мекунанд.
Дар баробари ин дар доираи сафари Бердимуҳаммадов мулоқоти сатҳи олӣ ва баррасии муносибот дар бахшҳои мухталиф дар назар аст.