ВКД Русия хостори маҳдудиятҳои нав барои муҳоҷирон шуд: Кадомҳо?

Пешниҳодҳои нави Вазорати корҳои дохилии Русия имконияти ҳуқуқӣ медиҳад, ки назорати муҳоҷирон бо истифода аз фановариҳои ҷадид таҳким ёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия лоиҳаи қонун барои пурзӯр кардани назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷиратро таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод намуд, хабар дод намояндаи расмии ин идора Ирина Волк дар саҳифааш дар Telegram.
"Тавсеаи заминаи ҳуқуқии истифодаи воситаҳо ва усулҳои муосири назорат аз болои вуруд ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русияро пешбинӣ шудааст", - таъкид шудаст дар матлаб.
Дар лоиҳаи қонун асосҳои ҳуқуқӣ аз ҷумла барои шиносоии биометрии шахс ҳангоми ворид шудан ба Русия, кам кардани муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар давоми як соли тақвимӣ то 90 рӯз пешбинӣ шудааст.
Муттаҳамон ба терроризм дар Доғистон низ аз Осиёи Миёна будаанд
Маврид ба зикр аст, ки то ҳол муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандон 90 рӯз дар ним солро ташкил медиҳад.
Профили рақамии шаҳрванди хориҷӣ, режими назоратшавандаи будубош дар Русия барои категорияҳои муайяни шаҳрвандони хориҷӣ, пурзӯр намудани назорат аз болои корфармоён, мизоҷони кор ё хизматрасоние, ки қувваи кории хориҷиро ҷалб мекунанд, аз иқдомоти дигари ВКД мебошанд.
Маҳдудиятҳои ғайрисудии ҳуқуқи муҳоҷирони ғайриқонунӣ, инчунин манъи расондани хадамот ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шахсони ҳуқуқӣ гниз пешниҳод шудаанд.
Ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни суханронӣ дар назди ҳайати васеи Додситонии кулл дастур дод, ки соҳаи муҳоҷиратро таҳти назорат нигоҳ дошта, низоми чораҳои пешгирикунандаро таҳия созанд.