Дар Тоҷикистон даъвати баҳорӣ ба артиш оғоз шуд

Нархи хизмати пулакӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки аз сентябри 2023 қариб 2 баробар зиёд шуд, соли равон боз афзоиш ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Сар аз имрӯз 1 апрел дар Тоҷикистон даъвати баҳорӣ ба сафи артиш оғоз ёфт.
Ин маъракаи сарбозгирӣ ду моҳ, яъне то 30-юми май идома хоҳад кард.
Бар асоси фармони раисҷумҳури кишвар, дар даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1997-2006 барои хидмат ба сафи артиш ҷалб мешаванд.
Ахиран раисҷумҳури кишвар дар пайи имзои фармони даъваи аз руасои шаҳру навоҳӣ хост барои босифат гузаронидани раванди сарбозгирӣ якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ ҳамкории зич намоянд.
Президент Вазорати тандурустиро муваззаф кард, ки барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон усули даъват ба хидмати сарбозӣ тағйир ёфтааст.
Хизмати пулакӣ дар Тоҷикистон соли 2024 гаронтар хоҳад шуд: Чӣ қадар?
Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.
Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, соли 2024 ҳудуди 52 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад, ки нисбат ба як соли қаблӣ 3 ҳазор сомонӣ боло рафтааст.
Болоравии ҳаққи хизмати пулакӣ дар ҳайати сафарбаркунӣ бо зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо рабт дорад, ки аз аввали соли равон 4 сомонӣ зиёд шуда, ба 72 сомонӣ баробар гардид.
Ҳамчунин, тибқи қонуни нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.