ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Русия масъалаи таъсиси ниҳодҳои нав баррасӣ мешавад, ки масъули сиёсати байни миллатҳо ва муҳоҷират дар ин кишвар хоҳад буд.
Раиси кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури миллатҳо, Геннадий Семигин ба хабаргузории РИА "Новости" гуфтааст, бояд вазорати сиёсати умури миллатҳо ташкил карда шавад, ки бевосита тобеи президент бошад.
Ба гуфтаи ӯ, шояд хадамоти федеролии муҳоҷират низ пайдо шавад, ки тобеи ин вазорат будан метавонад.
"Дар давоми ду соли охир мо барои таҳияи сиёсати миллӣ ташаббусҳои гуногун пешниҳод менамоем. Яке аз онҳо таъсиси Вазорати сиёсати миллӣ аст.Вазорат бояд мустақиман ба президенти кишвар итоат кунад. Мо инро низ ниҳоят муҳим мешуморем. Инчунин таъсиси хадамоти федералии муҳоҷират зарур аст", - гуфт Семигин.
Вай афзуд, ҳадаф аз таъсиси чунин вазорат тамаркузи тамоми ваколатҳо, вазифаҳо ва захираҳо дар соҳаи сиёсати миллӣ мебошад.
Таъсиси хадамоти федералии муҳоҷират, дар навбати худ, бояд тамоми самтҳо ва функсияҳои имконпазири ин соҳаро муттаҳид созад, гуфт ӯ.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки то охири соли ҷорӣ муҳоҷирон дар Русия профилҳои рақамӣ хоҳанд дошт, ки тамоми маълумоти мавҷуда дар бораи онҳо дар як системаи ягонаи иттилоотиро муттаҳид мекунад.
Гуфта мешавад, ки ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки ҳаракати коргарони хориҷӣ беҳтар назорат карда шаваду, бехатарӣ таъмин гардад.