ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро намуд.
Ба иттилои ҳукумати ВМКБ, вилоят соли шашум аст, ки нақшаи даъвати ҷавонписарон дар як рӯз пурра иҷро мекунад.
Даъватшавандагонро ботантана роҳбарият ва сокинон гусел намуданд. Нахуст аз назди майдони Исмоили Сомонӣ то боғи фарҳангии шаҳри Хоруғ “Чорбоғ”раҳпаймоии оммавӣ бо ҷалби табақаҳои гуногуни ҷомеа доир шуд, афзуд манбаъ.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот, иҷрои нақшаи даъват дар як рӯзро муносибати масъулиятнок ва ватандӯстии ҷавонони вилоят арзёбӣ намуда, аз қавли раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон онро намунаи ибрат барои дигарон хонд.
Бо мусоид гардидани шароити хуби хизмат дар қисмҳои низомӣ, аксарияти ҷавонон имрӯз ба таври худихтиёрӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир гардида, барои адои қарзи шаҳрвандии худ изҳорӣ омодагӣ менамоянд, гуфта раиси ВМКБ.
Ҳукумати ВМКБ зикр намуд, ки дар маъракаи даъвати соли ҷорӣ низ, бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ, қисми зиёди даъватшудагон, ки дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Русия, Олмон, Руминия ва дигар давлатҳо қарор доштанд, бо гирифтани даъватнома ба Ватан баргаштанду ба хидмат раҳсипор шуданд.
Даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон моҳҳои апрел май идома хоҳад дошт.