ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳ ва Чилгазиву Лаккони шаҳри Исфара дар нахустин рӯзи маъракаи даъвати баҳории ҷавонон нақшаи сафарбаршавӣ ба артишро буд кардаанд.
Дар ин бора котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара, Зубайдулло Шомадов ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ӯ, гуфт, дар миёни наваскарон даҳҳо ҷавононе шомил ҳастанд, ки барои иҷрои масъулияти шаҳрвандӣ ихтиёран азми рафтан ба хизмат дар сафи артиши кишварро кишварро кардаанд.
“Ҳам дар Воруху Чоркӯҳ ва ҳам дар Чилгазиву Лаккон ҷавонони зиёде ба нуқтаҳои сафарбаркунӣ ҳозир шуда нияти адои хизмати сарбозиро намудаанд” – гуфт, Шомадов.
Гуфта мешавад ин ҷамоатҳо бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз буда ва аз калонтарин ҷамоатҳои шаҳри Исфара маҳсуб мешаванд.
Котиби матбуотӣ гуфт, субҳи имрӯз ба муносибати гусели наваскарон дар маркази Исфара чорабинии фарҳангӣ доир шуда дар он ба ҳисоби раиси шаҳри Исфара, масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзидаанд.
Шаҳрдори Исфара, Баҳоваддин Баҳодурзода, барои сафарбаршавии наваскарон изҳори сипос карда, таъкид намудааст, ки хизмат ба Ватан нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи кишвар мебошад.
Дар чорабинии фарҳангӣ бо иҷрои маросими қадимии тоҷикон газидани бурдаи нон аз ҷониби наваскарон иҷро карда шудааст. Суруду таронахонии ҳофизон чорабиниро бо шукӯҳ гардонида табъи наваскаронро шод гардонидааст.
Дар Тоҷикистон дар як сол ду маротиба: даъвати баҳорӣ ва тирмоҳии ҷавонон ба сафи артиш сурат мегирад. Даъвати баҳорӣ барои аскарӣ сар аз имрӯз оғоз шуда то охири моҳи май идома мекунад.
Соли ҷорӣ дар даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1997-2006 барои хидмат ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷалб мешаванд.