Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Тӯпхонаҳои Русия анборҳои нерӯҳои Украинаро нобуд карданд

Ба минтақае, ки сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ҷамъ омада буданд, зарба зада, экипажҳои артиллерия кори ҷангии гурӯҳҳои ҳамлаи десантчиёнро осон карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Артиллеристони нерӯҳои десантии гвардиявии Тула дар самти Северск як гуруҳи аскарони пиёдагарди қувваҳои мусаллаҳи Украина ва як анбори саҳроӣ бо лавозимоти ҷангиро несту нобуд карданд.
Дар ин бора вазорати дифои Русия бо нашри як иттилоия хабар дод.
"Экипажҳои гаубитсаҳои 152 мм-и Д-20 аз воҳидҳои артиллерияи нерӯҳои десантии гвардияи Тула макони тамаркузи аскарҳои пиёдагарди Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ва як анбори саҳроӣ бо лавозимоти ҷангӣ дар самти Северский дар минтақаи амалиёти вижаи низомиро нобуд карданд", - омадааст дар иттилоия.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҳушдори Маск аз эҳтимоли гузаштани Одесса ба Русия: Ӯ роҳи ҳалро гуфт
Дар шимоли Соледар нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҷамъ карда шуда буданд. Артиллеристҳо ба мавқеъҳои душман оташ заданд, ки ин ба нерӯҳои ҳамлагар имкон дод, ки нуктаи мустаҳкамшударо тоза кунад.
Дар ҷараёни анҷоми рисолат низомиёни қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳамчунин як анбори лавозимоти ҷангиро низ бо истифода аз гаубитса нобуд карданд.
Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ, озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.