Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистону Қирғизистон сари тақсими боз 28,37 км марз ба мувофиқа расиданд

Ҷонибҳо таъйини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар Қирғизистон баргузор мегардад, идома хоҳанд дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи тақсими 28,37 км марзи давлатӣ ба мувофиқа расониданд.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ҷаласаи навбатии дуҷонибаи гурӯҳҳои топографӣ ва корӣ дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯзҳои 24 то 29 марти соли равон баргузор гардид.

"Дар асоси мувофиқаи бадастомада, аз 24 то 29 марти соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистан вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид", - омадааст дар хабарнома.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таъини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар Қирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд.
Қайд карда шудааст, ки аз рӯйи натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Қаблан дар ин минтақа дидору мулоқоти раисони Кумитаи амнияти миллии ҷонибҳо доир шуд, Саймумин Ятимов бо ҳамтои қирғизаш Қамчибек Ташиев дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории гуфтугӯ карданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки баро баррасӣ "минтақаҳои воқеан хеле душвор боқӣ мондааст ва ҳарду ҷониб кӯшиш мекунанд, ки ин равандро ҳарчи зудтар анҷом диҳанд".
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 100 км қитъаи баҳсбарангез боқӣ мондааст
Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи феврал беш аз 1,1 км марзи муштаракро мушаххас кардаанд.
Ба иттилои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар соли гузашта зиёда аз 197 километр ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 километри хати сарҳадро ташкил медиҳад.
Вай илова карда буд, ки ҳарду ҷониб манфиатдоранд, ки ин раванд ҳарчӣ зудтар анҷом ёбад.
Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 километрро ташкил медиҳад, ки талоши Душанбею Бишкек барои муайянсозии қисматҳои номаълуми он тайи солҳои охир густариш ёфтааст.