ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Душанбе Рӯзи пойтахтро бошукуҳ таҷлил мекунад, хабар медиҳад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 20 апрел дар Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад ва мири шаҳр аллакай қарор дар ин бораро ба имзо расонд.
Манбаъ афзуд, ки ҳадаф аз баргузор кардани мусобиқаи байналмилалӣ ин устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ доранд.
Илова бар ин, бо қарори Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе, дар пойтахт ба ғайр аз Ниммарафон инчунин мусобиқаҳои арзишӣ, барномаҳои фарҳангиву омавӣ ва озмунҳо баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли гузашта бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахт Ниммарафони XIII байналмилалӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида буд.
Дар ин мусобиқа беҳтарин варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ доранд, аз қитъаҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё иштирок намуданд.