ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Русия омода аст таҷрибаи ҳамкориҳои худро дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва БРИКС бо ҳамкасбони худ аз ИДМ мубодила кунад.
Ин нуктаро раиси Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии иқтисодии ИДМ баён доштаст.
Шароити геополитикии кунунӣ аз кишварҳои ИДМ тақозо мекунад, ки талошҳоро барои ташкили бозори ягонаи молу хидматрасонии худ суръат бахшанд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Русия ба аҳамияти стратегии ин иқдом дар дурнамо таъкид намуд.
"Барои мо бениҳоят муҳим аст, ки ҳадафҳои стратегии ташкили бозори молу хизматрасонӣ аз ҷониби ҳамсояҳои наздиктарини мо аз кишварҳои ИДМ, ки мо ба онҳо такя мекунем, дуруст дарк карда шаванд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Катирин, ҷониби Русия омода аст, ки таҷрибаи ҳамкориҳои худро бо шарикон дар СҲШ ва БРИКС дар чаҳорчӯби шӯроҳои тиҷоратӣ бо ҳамкасбони кишварҳои ИДМ мубодила намояд.
Ахиран котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков кишварҳои ИДМ-ро авлавияти асосии сиёсати хориҷии Маскав хонда буд.
Ӯ қайд кард, ки Русия муносибатҳои дуҷонибаи қариб бо ҳамаи онҳо ба ҷуз Гурҷистон ва Молдова дорад.