Тарҳрезии террори монанд ба "Крокус" дар Тоҷикистон: боздошти 15 муттаҳам дар наврӯзӣ

Дар Тоҷикистон гуруҳи муттаҳамон ба терроризмро боздошт кардаанд, ки гуфта мешавад, қасди ҳамлаҳои монанд ба "Крокус" дар қаламрави кишварро доштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар рӯзҳои наврӯзӣ ҳудуди 15 танро ба иттиҳоми қасди анҷоми амалиёти террористӣ дар Тоҷикистонро боздошт кардаанд.
Дар ин бора як манбаи наздик ба мақомоти ҳифзи ҳукуқи кишвар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Тахмин зада мешавад, ки гуруҳ дар рӯзи ҳамла ба "Крокус сити холл"-и шаҳри Красногорски вилояти Маскави Русия бояд дар шаҳрҳои Ваҳдат ё Душанбеи Тоҷикистон низ як ҳамлаи террористӣ анҷом медод.
Путин ба ҳифзи ваҳдати мардум ва сулҳ байни миллатҳо дар Русия даъват кард
Манбаи Sputnik Тоҷикистон гуфт, қисмати умдаи ин афрод сокинони шаҳри Ваҳдат буда, ҳамдастони онҳо дар Душанбе низ аз навоҳии дигаранд.
“Ба гумони ғолиб, онҳо бояд як ҳамлаи монанд ба ҳамла дар шаҳри Маскавро дар Ваҳдат ё Душанберо анҷом медоданд, масалан, ба ягон маҳфили наврӯзӣ, ки мардуми зиёд, аз ҷумла духтарони чакану атласпӯш ва кӯдакони хонаводаҳо барои сайр меоянд, ҳамла карда, талафоти ҷонии зиёд ба ҷой мегузоштанд”, - гуфт манбаъ.

Амали террористӣ дар "Крокус сити холл"

Ҳамла ба толори консертии Крокус сити холл шоми 22 март рух дод. Чанд нафар ба бино зада даромада, ба сӯи одамон тир холӣ карданд.
Онҳо инчунин дар чанд ҷой оташ задаанд, дар натиҷа бом фурӯ рехта, толори тамошо комилан сӯхтааст.
Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи "ҳамлаи террористӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Муттаҳамон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, гуфта мешавад, ки қасди фирор ба Украинаро доштаанд.
Додгоҳи Басмани Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Мақомот мегӯянд, дар маҷмӯъ дар ин парванда 11 нафар боздошт шудаанд.